РОМШАВИИ ПАЛАНГ
Ин китоб қиссаи тарҷумаиҳолии қаҳрамони секаратаи ҷаҳон оид ба кун-фу мубошад, ки роҳи дуру дарози имон овардан ба Масеҳро тай намудааст. Нақли ӯ шаҳодати ҷолибест оиди он ки шахс ба воситаи чӣ гуна озмоишҳо ва маҳрумиятҳо назди Масеҳ меояд ва Худо ӯро дигаргун намуда, ҳамаи он чиро, ки худи он шахс садди роҳи худ меҳисобид, ба некӯӣ мегардонад.
МАТИН
Дар ин китоб Ҷош Макдауэлл ошкоро дар бораи худ нақл мекунад. Ҳанӯз дар синни наврасӣ ӯ хост исбот кунад, ки таълимот дар бораи Илоҳияти Масеҳ бофтаи хаёлот аст. Бо ин мақсад ӯ ҳуҷҷатҳои ҳаққонии таърихиро, ки дар онҳо оиди воқеаҳои он замон гуфта мешуд, омӯхт, ва бо шахсоне ки ин мавзӯъро хуб медонистанд, сӯҳбат кард, ва дар охир пайрави вафодори Масеҳ гардид.
ВА ФАРИШТАҲО ХОМӮШ БУДАНД
Китоби «Ва фариштаҳо хомӯш буданд» ба ҳафтаи азобҳои Масеҳ бахшида шудааст. Чаро маҳз ба он? «Марги наздикшаванда чизи асосиро аз дуюмдараҷа ҷудо мекунад. Ва агар шумо Масеҳро шинохтан хоҳед, ба рӯзҳои охирини пеш аз маслуб шудани Ӯ бо диққат назар андозед. Ба Ӯ нигариста, мо сазовор тай намудани ин роҳро ёд гирифта метавонем».
НА ТАНХО ДУРЕГДАР

ШОХИД
... Ӯ медонист, ки модараш чӣ мегуфт. Вай як вақтҳо аз ӯ илтиҷо мекард, ки баъди хизмати аскарӣ аз Бейрут равад, касби духтурӣ ё инженериро пеша кунад, Ранияро ёбад ва дар Париж сокин шавад. Вай мехост, ки ҳаёти писараш осуда ва бехатар бошад, писарҳо дошта бошад, ки ба воя расида, бо ягон кори осоишта ва бомуваффақият машғул шаванд. Аммо Марвон беақл буд ва ба гапи вай гӯш надод. Оё модар тасаввур карда метавонист, ки ӯ ба сарватмандон дар бозгардондани занҳои ба гаравгонӣ гирифташудаашон ёрӣ хоҳад дод, мизоҷонро аз Бағдод, Мавсил ва Фаллуҷа бадар хоҳад овард?