10 РЕСЕПТИ ХУШБАХТӢ ДАР ОИЛАДОРӢ
Дар ин китоб Ҷош Макдауэлл дар бораи даҳ қарор гап мезанад, ки ӯ барои маҳфуз доштани тару тозагии ҳиссиёт дар оиладорӣ бо зани дӯстдошта қабул кардааст. Тавсияҳои амалӣ, ки муаллиф дар асоси хиради ва таҷрибаи шахсӣ медиҳад, ҳам ба навхонадорон, ҳам ба ҳамсароне ки солҳои зиёд бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва мехоҳанд оиладории худро хушбахтона ва пойдор гардонанд, судманд хоҳанд буд. Дар охири китоб хонандагонро бонус интизор аст: тест барои муайян намудани эҳтиёҷоти эҳсосотии худ.
ДАҲ ӮҲДАДОРИИ ПАДАР
Агар шумо падари ҷавоне бошед, ки кӯшиш мекунед дар ҷои кор аз боиси доимо кам хобидан хобатон набарад, ё падари ӯҳдабаро бошед, ки дар воқеаҳои чандинсолаи волидӣ обутоб ёфтаед, ин китоб барои шумост! Ҳамаи мо медонем, ки тарбияи кӯдакон, мулоимтар карда гӯем, кори осон нест. Муаллифи ин китоб аз ӯҳдаи ин бо муваффақият баромадааст. Дар саҳифаҳои он ӯ таҷрибаи худро, ки бо вуҷуди нобарориҳо ва хатоҳои ногузир, бобарор ҳисобидан мумкин аст, ба хонандагон мерасонад. Ӯ ҳамчунин бисёр маслиҳатҳои судманди мустаҳкамшуда медиҳад, ки ба шумо низ барои муваффақият пайдо намудан дар ҷодаи волидӣ ёрӣ мерасонанд.
© 2024 mfca.asia. All Rights Reserved.